Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Аълом Ал-Арабӣ (Расонаҳои Арабӣ), Сароё ал-Қудс, шохаи низомии Ҷиҳоди Исломии Фаластин, дар ин баёния амалиёти "Тӯфони Ақсо"-ро ҳамчун марҳалаи тақдирсоз дар таърихи даргирӣ бо душмани саҳюнистӣ тавсиф ва таъкид кардааст: Муқовимати Фаластин дар ин амалиёт, яке аз бузургтарин набардҳоро алайҳи фашизм ва зулми саҳюнист рақам зад; зулме, ки дар тӯли даҳаҳо шомили анвои куштор, тахриб ва кӯчондани мардуми Фаластин дар Қудс, Соҳили Ғарбӣ ва Навори Ғазза будааст, аз бомбаборон ва муҳосира гирифта то гуруснагӣ додан, ки бадтарин фоҷиаро дар тӯли таърих ва дар баробари чашмони ҷаҳониёни хомӯш ба сабт расонидааст.
Дар ин баёния омадааст: Ду сол пеш, муқовимати Фаластин амалиёти муборакеро алайҳи мавзеъҳои артиши душман дар тӯли хатти марзии шарқи Навори Ғазза анҷом дод. Дар ин амалиёт, муҷоҳидони қаҳрамон саҳнаҳои азиме аз қаҳрамонӣ, ҷасорат ва фидокорӣ халқ карданд, теъдоди зиёде аз низомиён ва афсарони душманро ба асорат гирифтанд ва дар даргириҳои мустақим аз нуқтаи сифр, садҳо низомии душманро ба ҳалокат расониданд ва даҳҳо нафарро асир карданд. Дар ин миён, муқовимат корвонҳое аз беҳтарин размандагони худро ҳамчун шаҳид, захмӣ ва асир тақдим кард. Аз он таърих то кунун, муқовимат ба муқобила бо ин душмани ҷинояткор ва қотил идома додааст, ки ҷанге девонавор ва марговарро бо куштори ҷамъии даҳҳо ҳазор шаҳрванди бедифоъ дар Ғазза, ки бештари онҳо кӯдакон, занон ва солхӯрдагон ҳастанд, ба роҳ андохтааст.
Шохаи низомии Ҷиҳоди Исломӣ таъкид кард: Аммо душман роҳе барои шикасти иродаи собит ва решадор миллати мо, ки ба сарзамин ва меҳанаш пойбанд аст, наёфтааст. Дар тӯли ду соли ҷанг, муқовимат барои қатъи ин ҷанг ва коҳиши ранҷи миллати мо талош карда ва ниҳояти инъирофпазириро барои расидан ба тавофуқе, ки танҳо шарти он тазмини қатъи ҷанг ва рафъи муҳосира аз миллати мост, нишон додааст. Аммо кабинети Нетаняҳу ҷангро барои таҳқиқи аҳдофи эътилофи ифротии худ идома додааст. Бо гузашти ду сол аз набарди "Тӯфони Ақсо", мо ҳамчунон ба муқобила бо воҳидҳо, тепаҳо ва гардишҳои артиши душман идома медиҳем, ки хонаҳо, хиёбонҳо ва сохтмонҳои Ғаззаро вайрон мекунанд. Мо дар баробари нерӯҳои онҳо истодаем ва ба онҳо талафот ворид мекунем.
Сароё ал-Қудс баён кард: Ин тӯлонитарин набард бо ин душман аз замони таъсиси мавҷудияти муваққати онҳост. Дар ин муддат, садҳо нафар аз размандагон ва фармондеҳони мо ба шаҳодат расиданд, ки дар сафи аввали даҳҳо ҳазор нафар аз миллати Фаластин дар тӯли ду соли набарди бераҳмона ва пойдории беназир бо камтарин имконот дар роҳи Қудс ва озодӣ буданд. Ин набард шоҳиди суботи бузурге аз сӯи муқовимати мо буд, ки душманро аз дастиёбӣ ба аҳдофи эъломшудааш боздошт.
Шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ҳамчунин дар идома бар мавориди зерин таъкид кард:
-
Муқовимати миллати мо, дар раъси он Гурдонҳои Қудс ва Гурдонҳои Қассом, то замоне ки ишғолгарӣ вуҷуд дорад, идома хоҳад ёфт ва аз ҳеҷ талоше дар набард алайҳи он дареғ нахоҳад кард. Мо худро барои як ҷанги фарсоишии тӯлонӣ омода кардаем, ки то нобудии ишғолгар мутаваққиф нахоҳад шуд ва ақибнишинӣ нахоҳад кард.
-
Сарнавишти амалиёти мавсум ба "Аробаҳои Гидеон 2", ки тахриби системативӣ, куштори ҷамъӣ ва терроризми равониро алайҳи миллати мо дар пеш гирифтааст, чизе ҷуз ноуммедӣ, шикаст ва фурӯпошӣ нахоҳад буд.
-
Таъкид мекунем, ки мо ва тамоми гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ аз ҳеҷ талоше барои ёфтани роҳе барои поён додани ин ҷанг ва ранҷе, ки миллати мо дар Навори Ғазза мутаҳаммил мешавад, дареғ нахоҳем кард ва мо моҳҳост, ки барои дастиёбӣ ба ин ҳадаф талош кардаем.
-
Таъкид мекунем, ки асирони душман ҷуз бо як муомилаи табодули ободманд ки режими саҳюнистӣ дар он ба поёни ҷанг мутааҳҳид шавад, рӯи озодиро нахоҳанд дид ва ҳеҷ роҳи дигаре онҳоро боз нахоҳад гардонд.
-
Маҷаддад таъкид мекунем, ки силоҳи муқовимат, силое аст, ки барои озодии сарзамин ва набард бо душман ба вуҷуд омадааст ва ҷуз бо таҳқиқи ин ду ҳадаф, ғилоф нахоҳад шуд.
-
Ба Гурдонҳои пурбаракати худ дар Соҳили Ғарбии ишғолӣ, ки бахши асили ин набард буданд, дуруд мефиристем; дуруд бар Гурдонҳои Ҷенин, Наблус, Тулкарим, Тӯбос ва тамоми муҷоҳидони муқовим. Аз онҳо мехоҳем, ки муқобила бо ишғолгаронро ташдид карда ва ба зарба задан ба ин душман бо тамоми қудрат ва иқтидор идома диҳанд.
-
Ба арвоҳи фидоиёни Урдун, қаҳрамонони флотҳо ва қаиқҳои шикастани муҳосираи Ғазза (Флоти Дарёии Ал-Сумуд), ва озодагони миллатҳои ҷаҳон, ки дар ҳимоят аз ормони мо дар баробари такаббур ва ҷинояти амрикоӣ-саҳюнистӣ истодаанд, дуруд мефиристем.
-
Ба асирони қаҳрамони мо дар зиндонҳои шиканҷа ва зулми саҳюнистӣ дуруд мефиристем ва дасти онҳоро мефишурем. Медонем, ки сиёсати душман дар баробари онҳо сахтгирона аст, аммо ба онҳо ваъда медиҳем, ки озодӣ наздик аст ва раҳоӣ бешубҳа фаро хоҳад расид.
-
Ба ҳамроҳон ва бародарони динии мо дар Ҳизбуллоҳ, ки пуштибонии муҳим ва бузурге барои мо ташкил доданд ва беҳтарин раҳбарон ва муҷоҳидони худро дар ин набарди муборак тақдим карданд, дар раъси онҳо Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дуруди фаровон мефиристем.
-
Ба бародарони мо дар Ямани сарафроз ва боиззат, ба вижа ба бародаронамон дар ҷунбиши Ансоруллоҳ, ки беҳтарин ёрирасонон ва ҳомиён ҳастанд ва ҳамчунон бар аҳди худ пойбанд буда ва ду сол аст, ки режими саҳюнистиро бо мушакҳо, паҳподҳо ва қаиқҳои бомбгузоришуда дар ҳимоят аз Ғазза ва мардуми он ҳадаф қарор медиҳанд, дуруд мефиристем.
-
Ба бародаронамон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дуруд мефиристем, ки дар ин набард, дар се рӯёрӯии мустақим бо душман, ба сурати мустақим шарик буданд ва дар ин роҳ ҷамъи азиме аз шаҳидони донишманд ва фармондеҳони бузургро тақдим карданд. Аз ҷумлаи ин шаҳидон, шаҳиди Фаластин, Ҳоҷ Рамазон-ро ба ёд меорем, ки бахши аслии ҳамаи пуштибониҳо ва тамоми тадорукоти муқовимати мо барои муқобила бо ин режими ғосиб буд.
Сароё ал-Қудс дар поён таъкид кард: Ҷиҳоди мо идома дорад ва набарди мо то озодии Қудс, Иншоаллоҳ, пеш хоҳад рафт.
Your Comment